Ба сокинони аз заминларза осебдидаи Кӯҳистони Мастчоҳ масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба оилаҳои аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кумаки навбатӣ дар намуди масолеҳи сохтмонӣ расонида шуд. Кумаки расида аз 21 метри мукааб чӯбу тахта ва 300 шифер иборат буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
30 март кумакҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон низ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас гардид.
Кумакҳо аз масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 60 метри мукааб чӯбу тахта иборат буда, аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба сокинони аз зилзила зарардида супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 23 марти соли 2023 дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази ҷунбиши қишри замин дар километри 132-юми қисми шимолу шарқи шаҳри Душанбе, километри 50-уми қисми шимолу ғарби минтақаи Рашт ва километри 96-уми шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар умқи 11 километр ҷойгир буд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ/шаҳри Бӯстон









Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






