Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) 13 апрел дар факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Барои беҳтар намудани сифати таълим дар он 30 компютери замонавии ба шабакаи интернет пайваст гузошта шуд.
Ҳамзамон озмоишгоҳ бо таҷҳизоти дигари техникӣ, аз қабили доскаи электронӣ, видеопроектор ва камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар озмоишгоҳ барои донишҷӯён китобҳои таълимии соҳавӣ ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ дастрас гардонида шудааст.
Ёдрас мешавем, ки дар доираи амалӣ гардидани лоиҳаи муштарак дар факултетҳои донишгоҳ таҷҳизоти муосири техникӣ насб гашта истодааст, ки ба анҷом додани корҳои гуногуни илмию таълимӣ мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






