Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва ширкати Каян группи Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Каян группи Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд, намояндагони ширкати мазкур бо сафари корӣ аз 6 апрел дар Тоҷикистон қарор доранд.
Зимни вохӯрии Директори Агентии содирот ва Роҳбари ширкати Каян группи Арабистони Саудӣ ва ҳайати расмӣ, ки 6 апрел баргузор гардид, масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва таъмини интиқоли кафолатнокии минбаъдаи он байни ҷонибҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамзамон Агентии содирот ҳайати меҳмонони Арабистони Саудиро дар давраи сафарашон ҳамроҳӣ карда, вохӯриашонро бо намояндагони бахшҳои хусусии вилояти Хатлон оид ба имконияти истеҳсолии хоҷагиҳо, анборхонаҳо, сардхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии ин минтақа ташкил намуд. Дар ҷараёни вохӯриҳо ҷониби Арабистони Саудӣ ҷиҳати дар мавсими дахлдор харидорӣ намудани асал, лимӯ, сир, обҳои нӯшокӣ ва сангҳои қиматбаҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуд.
Дар натиҷа байни Агентии содирот ва ширкати Каян группи Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мусоидат ба рушди содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи мамлакат ва баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






