Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 17, 2023 20:02

ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти экология ва географияи Синзяни Академияи илмҳои Чин дар семоҳаи аввали соли 2023 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур иттилоъ доданд.

Дар ин давра ҳамчунин бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкории илмӣ бо созмону ташкилот ва муассисаҳои байналмилалии илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти масъулияти маҳдуди корхонаи илмию истеҳсолии «Компелкси Луч»-и Федератсияи Русия, Ширкати Литий Инсайт Ко., Лтд. (Lithium Insight Co., Ltd)-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Дар семоҳаи якуми соли равон олимони  Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 114 мавзуъ, аз ҷумла 71 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 16  мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 27 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар ин давра тибқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кори Академия ба роҳ монда,  неруи илмиро барои  тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ ва ғайра равона карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Аз ҷумла, дар соҳаи астрофизика қоидаҳои нави номгузории селҳои метеории нав кашф ва барои мутахассисони ҷаҳон коркард шуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба аъзои Комиссияи Иттиҳоди Байналмилалии Астрономҳо (ИБА) пешниҳод гардид.

Олимони Институти химияи ба номи В.И. Никитин муайян карданд, ки ба хок ҳамроҳ кардани суперфосфат бо миқдори Р2О5 18% ба параметрҳои морфобиологию фотосинтетикӣ ва сифати технологии нахи пахта таъсири мусбат мерасонад ва оид ба истифодаи ин нуриҳо дар шароити саҳро тавсия дода шуд.

Таҳқиқи фармакологии ҳосилаҳои тиадиазинҳо, кислотаҳои гуминии ангишти бур ва набототи Тоҷикистон бо мақсади офаридани маводи доругӣ идома дода шуд. Дар асоси экстракти моеъи шалфеи мускатӣ, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, таркиб ва технологияи малҳам бо истифодаи гилҳои бентонитдори Тоҷикистон таҳия гардид. Навгонии илмии таҳқиқот бо патенти Авруосиёӣ тасдиқ гардид.

Аз ҷониби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва эколгия усули ҳисоб кардани самараи энергияи дарёҳо коркард шуд. Дар семоҳаи якуми соли равон аз ҷониби Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав параметрҳои физикӣ ва характеристикаҳои ҳароратии асбоб–коллектори офтобӣ барои захиракунии энергияи офтобӣ ҳисоб карда шуд. Коллектори офтобии ҳавоӣ дар асоси маводи тадқиқоти коллектори офтобӣ-панел коркард шудааст. Масоҳати он 3 м2 буда, дарозиаш 244 см ва бараш 122 см мебошад.

Инчунин асбоби худкори  идораи массаи гармӣ ва микроиқлими биноҳою иншоот коркард шуд. Асбоб ченкунаки ҳарорат буда, дар асоси микрокомпютер сохта шудааст ва ҷузъи хотира барои сабти натиҷаҳои ченкунӣ дорад. Асбоб сабти пайвастаи лаппиши ҳарорати сатҳҳои девори бино, инчунин ҳарорати ҳаво дар дохил ва беруни биноро таъмин мекунад.

Модели дастгоҳи офтобии шинокунанда барои кор дар наҳри моҳипарварӣ дар дараи Қаратоғ дар заминаи Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Ҳакимӣ» ва дар поёноби НБО «Норак» сохта шуд.

Олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов нахустин бор дар таърихи фалсафаи тоҷик масъалаҳои инсон ва кайҳон – фалсафаи кайҳонмеҳварӣ ва инсонмеҳварӣ, тасаввурот оид ба тасвири олам ҳамчун шакли ҷаҳонбинӣ, масъалаҳои ҳастишиносӣ, маърифат (гносеология), ахлоқ дар таълимоту оини бостонро ба таври дақиқ баррасӣ намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 17, 2023 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид