Байни Вазорати нақлиёт, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиёт санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки санади мазкур дар ҳошияи ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Роҳҳои Тоҷикистон: вазъият, мушкилот ва дурнамои рушд», ки дирӯз дар Душанбе доир гардид, имзо шуд.
Дар доираи санад тарафҳо дар табодули кормандони ҳамдигар бо мақсади бозомӯзӣ ва шиносоӣ бо дастовардҳои муосир дар соҳаи нақлиёт ва логистика, инчунин дар рушди рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, сиёсати байналмилалии нақлиёт, барномаҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ дар соҳаи нақлиёт, таҳсилоти дарозмуддат ва хизмати давлатӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, кормандони муассисаҳои давлатии соҳаи нақлиёт саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон дар доираи Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо иштироки муштараки мутахассисон дар конфронсҳо, семинарҳо, таҷрибаомӯзӣ, намоишгоҳҳо, лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва озмунҳоро густариш дода, барои пешбурди озмуни глобалии корҳои донишҷӯён дар соҳаи занҷирҳои устувори ҷаҳонии таъминот, ки аллакай аз ҷониби Гурӯҳи дӯстони Созмони Милали Муттаҳид оид ба нақлиёти устувор ва донишгоҳҳои пешрафтаи байналмилалӣ дар Аврупо ва Осиё ҷонибдорӣ гардидааст, саъй менамоянд.
АКС:АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






