Бар асари танбашавӣ дар маркази имдоди пойтахти Яман қариб 90 нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари танбашавӣ ҳангоми тақсими садақа дар шаҳри Санои пойтахти Яман қариб 90 нафар ҳалок ва беш аз 300 нафар маҷруҳ шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе шабакаи телевизионии Sky News Arabia бо такя ба манбаи хадамоти фавқулода хабар додааст.
Ҳодиса шаби панҷшанбе дар минтақаи Боб – ал — Яман, воқеъ дар қисми марказии шаҳр рух дод. Мувофиқи маълумоти ин шабака, танбашавӣ ҳангоми тақсими садақа аз ҷониби «якчанд тоҷир» ба амал омадааст, ки ду нафари онҳо аллакай боздошт шудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






