Бар асари таркиш дар назди мошини полиси шаҳри Кветтаи Покистон 4 нафар ҳалок ва 9 тан маҷруҳ шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиш дар шаҳри Кветтаи музофоти Балуҷистони Покистон қариб чаҳор нафар ҳалок шуд, ки ду нафараш маъмури пулис буда, 18 тани дигар захмӣ гардид. Дар байни ҳалокшудагон занону кӯдакон низ ҳастанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои Покистон иттилоъ додааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки эҳтимол дар бозори Гандаҳарӣ мототсикл таркидааст, ки дар он дастгоҳи тарканда бо вазни 3-4 килограмм ҷойгир шуда буд. Дар натиҷа ду мошин, аз ҷумла як мошини полис зарари ҷиддӣ дидааст. Ба ҷои ҳодиса фавран оташнишонҳо, наҷотдиҳандагон ва мутахассисони соҳаи тиб расида омаданд. Бо назардошти ҳолати вазнини баъзе зарардидагон намояндагони расмии сохторҳои тандурустӣ афзоиши шумораи ҳалокшудагонро истисно намекунанд.
Ҳамлаеро, ки бо марги одамон анҷом ёфт, маҳкум карда, сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ишора намуд, ки нақшаҳои фиребгаронаи террористон нобуд карда мешавад. Масъулиятро Артиши манъшудаи озодии Балуҷ ба уҳда гирифтааст.
Қариб дар як вақт бо бозори Гандаҳарӣ мошини дигари полис дар роҳи Мунир Мангал ба ҳадаф гирифта шуд. Дар натиҷа ду пиёдагард осеб дид.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






