Беш аз 90% ҳамлу нақл дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешавад
ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи соли равон тавассути ҳама намуди воситаҳои нақлиёт беш аз 23,3 миллион тонна бор бо гардиши зиёда аз 2,4 миллиард тонна/км ва қариб 219 миллион мусофир бо гардиши зиёда аз 2,6 миллиард мусофир/км интиқол дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи хабари манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 10,8 фоиз, гардиши бор 14,2 фоиз, мусофирбарӣ 11,3 фоиз ва гардиши мусофирон 17,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тавре дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти мамлакат таъкид карда шуд, дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ вобаста ба шароити хоси иқлимӣ ва мавқеи ҷуғрофии ҷумҳурӣ соҳаи нақлиёти автомобилӣ аҳамияти калон дошта, ҳамлу нақли беш аз 93 фоиз бор ва 96,5 фоиз мусофир маҳз тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ мегардад.
Гуфта шуд, ки дар бозори хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва хоҷагии роҳҳои мамлакат ба ҳолати 1 апрели соли равон 2328 адад субъекти хоҷагидории дорои шаклҳои гуногуни моликият фаъолият мекунад. Дар ин давра 577,3 ҳазор воситаи нақлиёт, аз ҷумла 50248 адад нақлиёти боркаш, 15587 адад нақлиёти мусофирбар, 507661 адад нақлиёти хусусӣ, 1780 адад нақлиёти махсус ва 2036 адад мототсикл ба қайд гирифта шудааст.
Таъкид гардид, ки дар баробари зиёд гардидани нишондиҳандаҳои ҳамлу нақл ҳанӯз дар вилояти Хатлон, бахусус минтақаи Кӯлоб, Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ ҳолатҳои бо омор пурра фаро гирифта нашудани хизматрасонии нақлиётӣ, аз ҷумла фаъолияти воситаҳои нақлиёт бе истифодаи роҳхату борхат ҷой дорад. Ҳанӯз ҳаҷми содирот нисбат ба ҳаҷми воридот кам аст. Вазири нақлиёти мамлакат масъулини соҳа ва муассисаю корхонаҳои зертобеи вазорат, марказҳо ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳоро ба иҷрои саривақтии супоришҳо ва бартараф кардани камбудиҳо муваззаф намуд.
Тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани марҳилаи якуми «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», таҳияи санадҳои зерқонунӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» пешбинӣ гардидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ба роҳбарони муассисаҳои идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ва муассисаҳои назорати роҳҳои автомобилгарди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки омодасозии соҳа барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024-ро таъмин намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои сохтмону таъмир ва навсозии роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва иншооти он тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳамзамон барои бо сифати баланд ва сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, сертификатсиякунонии соҳа, бо тарозуҳои муосир муҷаҳҳаз гардонидани нуқтаҳои баркашонӣ, истифодаи дурусти рухсатномаҳои байналмилалӣ, пурра манъ намудани ҳаракати нақлиёти гаронвазн ҷиҳати пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард ба сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон/манбаъҳои боз








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






