Бо сабаби паҳн гаштани ҳашароти зараррасони соҳаи кишоварзӣ гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Ишкошим сафар намуд

Апрель 27, 2023 22:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба Ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим, Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон, водии Хуф ва Ҷамоати деҳоти Муминшо Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшон барои нест намудани ҳашароти зараррасон маводи доруворӣ дастрас карда шуд. Шуруъ аз дуюми майи соли равон дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои вилоят, ки ҳашароти зараровар ба қайд гирифта шудааст, корҳои безараргардонӣ оғоз мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хабар медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар паҳн гаштани ҳашароти зараррасони соҳаи кишоварзӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кормандони Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химиякунонии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вилоят ба ҷойи ҳодиса равон намуд.

Ҳамзамон баҳри аз байн бурдани ҳашароти зараррасони мӯр аз тарафи Раёсати кишоварзии вилоят таҷҳизоти махсуси замонавӣ ва миқдори зарурии доруи кимиёвӣ бо мутахассисони соҳаи бахши фитосанитарӣ-карантинӣ ва тухмии раёсати мазкур ба Ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим ва дигар ҷамоатҳои дурдасти вилоят дастрас карда шуд.

Инчунин бояд гуфт, ки ҷиҳати дастгирии деҳқонон барои пешгирии касалиҳо ва нигаҳдории растаниҳо аз ҳашароти зараррасон як  нақлиёти муосир, таҳҷизоти махсуси соҳавӣ ва ба миқдори 600 литр дору ва дорупошак ба маблағи 86357,00 сомонӣ ба вилоят ворид гардид.

Мувофиқи талабот маводи доруворӣ ва дорупошакҳо ба шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим карда мешавад. Маводи доруворӣ истеҳсоли Чин, Русия ва Қазоқистон буда, ба пешгирии касалиҳои растанӣ мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 27, 2023 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид