Бонки миллии Тоҷикистон ба «Амонатбонк» иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тавассути азнавбарасмиятдарорӣ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ин тасмим мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» гирифта шудааст.
Зимни супоридани иҷозатнома ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъкид карда шуд, ки минбаъд ба боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии молиявӣ, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, зиёд намудани пешниҳоди қарз, бахусус дар минтақаҳои дурдасти мамлакат ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шавад.
Ҳамзамон барои идомаи фаъолияти пурсамар, амалӣ намудани нақшаҳо ҷиҳати таҳкими рушди низоми бонкии мамлакат, ҳамкории судманд дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи низоми бонкии мамлакат уҳдадориҳои бонк таъкид карда шуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






