БОРИ АВВАЛ ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ. Парвариши гулмоҳӣ дар ҳавзи сунъӣ ба роҳ монда шуд
ХОРУҒ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳавзҳои сунъӣ намудҳои гуногуни моҳӣ, ба мисли карп, сазан, сом, карасро парвариш мекарданд, аммо бори аввал аст, ки дар ноҳияи Дарвоз парвариши гулмоҳӣ- яке аз моҳиҳои гаронарзиш, зебову нодир ва барои саломатии инсон муфид ба роҳ монда шуд. Гулмоҳӣ ё фарелл баъди ду соли парвариш барои фурӯш омода мешавад ва дар бозори ҷаҳонӣ нархи як килограмми он қариб ба ҳазор сомонӣ баробар аст, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Сокини деҳаи Хумбиварии Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз Шуҳрат Беков дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ се ҳавзи сунъии моҳипарварӣ бунёд карда, бори аввал парвариши гулмоҳӣ ё фареллро ба роҳ монд. Ҳарчанд дар ин соҳа таҷрибаи кофӣ надошт, аммо сарфи назар аз он ба парвариши яке аз моҳиҳои нодир машғул гашт. Азбаски хонааш дар болооби рӯдхонаи Хумбов ҷойгир аст ва оби тозаву мусаффо дорад, вай қарор дод, ки ба парвариши гулмоҳӣ шуғл варзад. Дар як-ду соли аввал комёб нашуд. Моҳиҳо талаф ёфтанд, аммо ӯ руҳафтода нашуд. Ба деҳаи Ромити ноҳияи Ваҳдат рафт ва чанд муддат аз моҳидорони ин деҳа тарзи парвариши ин намуди моҳиро омӯхта, боз аз сари нав ба ҳавзҳояш моҳии фарелл партофт. Омӯзиш ва таҷрибаи моҳипарварони деҳаи Ромити ноҳияи Ваҳдат дар фаъолияти минбаъдааш кумак кард.
Ҳоло шумораи гулмоҳӣ дар се ҳавз то ба ҳафт-ҳашт ҳазор расидааст. Ғизоро барои моҳӣ аз шаҳри Душанбе харид мекунад. Нархи як кило моҳӣ 25 сомонӣ аст. Албатта, ин нарх каме гарон аст ва барои ҳамин ҳанӯз аз ин соҳа даромади дилхоҳ ба даст намеорад. Аммо ба оянда назари нек дорад ва мехоҳад, ки бозори фурӯши яке аз намудҳои беҳтарини моҳиро дар вилоят васеъ намояд. Зеро гулмоҳӣ аз ҷиҳати ғизонокӣ дар байни намудҳои дигари моҳӣ дар ҷои аввал меистад ва талабот ба он дар бозори дохилӣ хеле зиёд аст.
Бо дастури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки ҳоло ба омӯзиши ҳавзҳои навбунёди моҳипарварӣ машғул аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади рушди ин соҳа тасмим гирифтааст, ки соли равон қариб панҷ ҳавзи нави моҳипарвариро ба кор андозад.
Сардори Раёсати кишоварзии вилоят гуфт, ки «соли гузашта аз вилояти Суғд 40 ҳазор моҳича ба ноҳияҳои вилоят интиқол дода шуд. Ҳоло шумораи ҳавзҳои сунъии моҳипарварӣ ба 15 адад расидааст. Имсол боз 5 ҳавзи дигари моҳипарварӣ дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва ба кор андохта мешавад».
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид






