Чаро истироҳатгоҳи «Ҳамсафар»-и шаҳри Ваҳдат ба талаботи замон ҷавобгӯ нест?

Апрель 25, 2023 10:34

ВАҲДАТ, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон» масъулини ҳамаи истироҳатгоҳҳои тобистонаи  соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон бояд омодагии ҳамаҷониба дида,  барои қабули онҳо шароити хуб муҳайё намоянд.

Истироҳатгоҳҳои наврасону  кӯдакон дар  ҷумҳурӣ бояд ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буда, масъулини шуъбаҳои маориф, иттифоқи касабаи соҳаҳои гуногун ва мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳии мамлакат бояд барои ин қишри ояндасози миллат беҳтарин шароит муҳайё кунанд.

Мутаассифона, солҳои охир  истироҳатгоҳи «Ҳамсафар»-и шаҳри Ваҳдат ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, дар он одитарин шароити истироҳат мавҷуд нест. Замини ин истироҳатгоҳ зиёда аз 6 гектарро ташкил медиҳад, вале барои кӯдакон одитарин таҷҳизоти бозикунӣ насб нашудааст. Бинобар набудани мизҳои нишаст кӯдакон дар рӯйи замин нишаста, бозии шашкаро анҷом медиҳанд, дар ҳоле, ки масъулини Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат метавонанд аз чӯби одӣ даҳҳо мизу курсӣ ташкил намуда, дар истироҳатгоҳ насб намоянд.

Масъулини  истироҳатгоҳҳои тобистона аз рӯйи барномаи махсус, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, амал мекунанд. Вале дар  истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» аз сабаби набудани одитарин шароити истироҳат бачаҳо бештари вақташонро дар оббозӣ бо оби лой ва бозии футбол дар майдони пур аз алаф мегузаронанд. Хобгоҳҳои ин истироҳатгоҳ  ба талаботи санитарию гигиенӣ мутобиқат намекунад. Чунки замини он бо бетон ҳамвор карда шудааст ва кӯдакон ба хотири зиёд чангу ғубор нашудан пеш аз хоб ба замин об мезананд.

Оби ҳавзҳои шиноварии истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» аз дарёи Кофарниҳон меояд. Дар сурате, ки оби дарёи Кофарниҳон софу тоза аст, вале он дар ҳавзҳои ин истироҳатгоҳ лой мегардаду ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.

Мушкилоти ҷиддие, ки ҳамасола мураббияҳои ин истироҳатгоҳро нигарон мекунад, ин панҷарабандӣ нашудани  истироҳатгоҳ дар самти дарёи Кофарниҳон мебошад. Чунки кӯдакону наврасон мехоҳанд ҳар лаҳза аз дарёи сели Кофарниҳон дидан кунанд, ки албатта, ин кор ба ҷони онҳо хатари ҷиддӣ дорад.

Ҳамасола дар ин истироҳатгоҳ ҳамшираҳои тиббӣ барои расонидани кумаки аввалини тиббӣ фаъолият мекунанд, вале бо ташаббуси  Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат доруҳои зарурӣ ва маводи тиббӣ харида намешавад. Ҳамшираҳои тиббӣ бо кумаки роҳбари Маркази саломатии шаҳри Ваҳдат ба кӯдакон хизмати тиббӣ расонида, баъзе доруҳои заруриро аз Маркази саломатии шаҳр дарёфт мекунанд.

Сабаби асосии ин мушкилоти истироҳатгоҳи «Ҳамсафар»-и шаҳри Ваҳдат- маблағгузорӣ нагардидани он аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Истироҳату саёҳати кӯдакону наврасон яке аз самтҳои дар оянда рушд додани соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Раёсати маорифи шаҳр ва роҳбарияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки истироҳатгоҳи «Ҳамсафар»-ро навсозӣ намуда, ба яке аз истироҳатгоҳҳои беҳтарини ҷумҳурӣ табдил  диҳанд.

Аксҳои зерин гувоҳи ҳол мебошанд:

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2023 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд