«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». 100 ҷавони фаъоли Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар намуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!»- таҳти чунин унвон дирӯз, 26 апрел бо иштироки 100 ҷавони фаъоли минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштиҷи вилояти Суғд меҳмонӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
26 апрел роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ пеш аз оғози сафар бо ҷавонони минтақаҳои гуногуни мамлакат вохӯрӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷавонон ба таври ҳамешагӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бояд дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо рафтору гуфтор, донишу малака ва фаъолияти назаррас намуна бошанд. Ҳифзи хоки поки Ватан, сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи марзу бум аз вазифаҳои ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии онҳо ба ҳисоб меравад.
Баъд аз қисмати вохӯрӣ ҷавонони мамлакатро дар ноҳияи Шаҳристон роҳбарият ва намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия пешвоз гирифтанд.
Дар идома 26 апрел ҷавонон ба ноҳияи Деваштиҷ сафар намуда, бо маконҳои ҷолиб ва ёдгориҳои таърихии ин минтақа шинос шуданд. Бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму оини меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони фаъолу оилаҳои намунавии ин ноҳия ҷойгир карда шуданд.
Ҳамзамон зимни сафар ҷавонон дар барномаи фарҳангии «Шоми ҷавонӣ», ки дирӯз дар ин ноҳия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар ҷараёни сафар ҷавонони мамлакат имрӯз дар ҳамоиши «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат», ки дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз 26 то 30 апрел аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштиҷ, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд меҳмонӣ доир мегардад.
Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мазкур барномаҳои гуногун, аз ҷумла ҳамоишу фестивал, семинару барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир шуда, баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ низ дар назар аст. Инчунин иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихии ин шаҳру ноҳияҳо дидан менамоянд.
Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






