Дар 60 гектар замини Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ чигит кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аҳли заҳмати Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ имсол нақша доранд, ки дар майдони зиёда аз 60 гектар кишти чигит гузаронанд. Ҳоло дар заминҳои ин муассисаи давлатӣ кишти пунбадона идома дошта, кишоварзон аз навъҳои тухмии «Дӯстӣ» ва «Иншан -2» истифода мебаранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Майдони умумии заминҳои корами Коллеҷи кишоварзӣ 89,14 гектар буда, дар қисме аз онҳо боғ бунёд гардида, дар 5 гектар ғалладона, 2 гектар картошкаи барвақтӣ, дар 1 гектар пиёз ва дар 9 гектар дигар намуди зироат кишт карда шудааст.
2 апрел зимни шиносоӣ бо заминҳои коллеҷ роҳбарияти ноҳияи Мастчоҳ ба масъулини муассиса оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, 2-3 ҳосил рӯёнидан ва инчунин баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо тавсияҳои судманд дод.
Дар ноҳияи Мастчоҳ кишти чигит идома дошта, соли равон тибқи дурнамо дар майдони 12 350 гектар пунбадона кишт карда мешавад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






