Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд саршумори моли майда беш аз 1,1 миллион сарро ташкил медиҳад

Апрель 7, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори моли майда 1 миллиону 177 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ “Ховар” дар Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ наслгирӣ идома дошта, минтақаҳои кӯҳӣ ва талу теппаҳои сарсабз макони асосии парвариши бузу гӯсфанд ба ҳисоб меравад. Масоҳати чарогоҳҳо 782 ҳазор гектар буда, дар вилоят 4 хоҷагии зотпарварӣ низ амал мекунад.

Таъкид гардид, ки аз 100 сар меши маҳаллӣ то 90 сар ва аз 100 сар модабуз то 80-82 сар насл гирифта мешавад.


Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, ки 251 ҳазор сар моли майда мавҷуд мебошад, дар мавсими имсола 57 ҳазору 740 сар насл гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда  66 фоизро ташкил дода, давраи наслгирӣ идома дорад.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят барои зиёд намудани саршумори моли майда, хусусан зоти серпашми тоҷикӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

АКС: Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд

Апрель 7, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст