Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода 10 гектар замин аз худ карда мешавад

Апрель 16, 2023 13:16

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел роҳбарияти шаҳри Турсунзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Қаратоғ, ки аз ҷониби роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ба роҳ монда шудааст, шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо анҷом додани ин ташаббус зиёда аз 10 гектар замини обии дар натиҷаи селу обхезиҳо аз байн рафта аз худ карда шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад. Дарозии умумии соҳили мустаҳкамгардида зиёда аз 2500 метрро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки 4 март дар минтақаҳои махсусан хатарноки ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ва Навободи шаҳри Турсунзода кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аҳолии ду ҷамоати деҳот бо ҷалби техникаи махсус тамрину ҳашарҳои ғайринақшавӣ гузарониданд.

Кормандони масъули Кумита бо иштироки роҳбарияти ҷамоатҳо оид ба омодагии аҳолӣ, ҷалби қувва ва воситаҳои шаҳр барои гузаронидани корҳои пешгирию тозакунӣ машқ доир карданд. Дар ҷараёни он роҳҳо, ҷӯйборҳо ва қубурҳои обгузар аз хоку лой тоза  карда шуд.

Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз оқибатҳои сел, ярч, оқибатҳои боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва рафъи пайомадҳои офатҳои эҳтимолӣ бо аҳолӣ суҳбат карда, онҳоро омода месозад.

Ба иттилои Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон, дар умум давоми 5 сол аз ҳисоби тамоми манбаъҳо ба маблағи 480,7 млн сомонӣ ба дарозии 216,0 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида, иншооти харобгардидаи муҳофизатии соҳил барқарору мустаҳкам карда шуд. Ин имкон дод, ки хавфи шусташавии заминҳо ва иншооти хоҷагии халқ то андозае коҳиш дода шавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Турсунзода

Апрель 16, 2023 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд