Дар Аргентина шумораи рекордии фавт аз вараҷаи денге ба қайд гирифта шудааст

Апрель 16, 2023 16:48

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали сол дар Аргентина беш аз 30 нафар бар асари табларзаи денге фавтид, ки шумораи баландтарин барои ҳама гуна бақайдгирии авҷи беморӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе рӯзномаи «Clarin» хабар додааст.

Мувофиқи иттилои манбаъ, имсол дар Аргентина дар маҷмуъ 32 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳама бештар аз ин беморӣ дар музофоти Салта ва Тукуман зарар дидаанд, ки мутаносибан 10 ва 8 нафар аз табларза фавтидаанд.

То 7 апрел теъдоди мубталоёни бемории денге аз 28 ҳазор гузашт. То ин сол ҷиддитарин ҳодиса дар таърихи Аргентина хуруҷи  соли 2020 маҳсуб мешуд, ки 26 нафар аз ин беморӣ фавтида, қариб 60 ҳазор нафар ба он мубтало шуд.

Денге – инфексияи вирусие мебошад, ки дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ маъмул аст. Нишонаҳои он ҳарорати баланд, дилбеҳузурӣ, зуком, дарди сар ва камар мебошанд. Намуди геморрагии вараҷа ба хунравии шадиди дохилӣ, ки аз фурӯпошии рагҳои хун ба вуҷуд меояд, ҳамроҳ мешавад. Вирусро хомӯшакҳои навъи Aedes aegypti паҳн менамоянд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 16, 2023 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд