Дар Чин тӯфонҳои хоколуд ба амал омадааст
ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин тӯфонҳои хоколуд ба амал омада, сатҳи баланди хатарнокии обу ҳаво эълон гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» иттилоъ медиҳад.
Мувофиқи иттилои Хадамоти марказии обуҳавосанҷии Чин, аз 11 то 12 апрел тӯфонҳои хоколуд ва чангу ғубор Синтсзян, Муғулистони Дохилӣ, Хэбэй, Шансӣ, Шэнсӣ, Хэнан, Ляонин, Тсзилин, Хэйлунтсзян, Анхой, Тсзянсу, Хубей ва инчунин бузургшаҳрҳоеро, чун Пекин, Тянтсзин ва Шанхай фаро мегиранд.
Тӯфонҳои шадиди хоколуд дар қисмати марказии Муғулистони Дохилӣ дар назар аст.
Сокинони Пекин аз субҳ пардаи хокистарии ғуборолуд ва тарҳҳои норавшани биноҳоро дар шаҳр мушоҳида мекунанд. Ифлосшавии ҳаво дар чанд минтақаи пойтахти Чин барои саломатӣ «хатарнок» арзёбӣ шудааст. Зичии моддаҳои заррачаҳои PM10 аз 1000 мкг/куб зиёдтар аст.
Обуҳавошиносон ваъда медиҳанд, ки то субҳи чаҳоршанбе вазъ беҳтар шуда, сатҳи олудагии ҳаво тадриҷан коҳиш меёбад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






