Дар доираи СҲШ ҷаласаи роҳбарони муассисаҳои наҷотдиҳӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар Деҳлии Нав ҷаласаи роҳбарони бахшҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба огоҳонӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Сулаймон Исозода, инчунин сардорон ва муовинони роҳбарони идораҳо, давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба огоҳонӣ ва рафъи вазъияти фавқулода, намояндагони намояндагиҳои дипломатии мустақар дар Деҳлии нав иштирок доштанд.
Зимни ҷаласа намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода оид ба ҳамкорӣ дар самти огоҳонӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар доираи СҲШ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, инчунин саҳми Ҳукумати мамлакат доир ба расонидани ёрӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида маъруза намуд.
Илова бар ин муовини Раиси Кумита бо роҳбарони раёсатҳои наҷотдиҳии Ҳиндустон ва Чин вохӯрӣ доир намуд, ки зимни он оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар доираи СҲШ табодули афкор карда шуд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид






