Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба экология ва мушкилоти мубрами он дар ҷаҳони муосир ҳамоиши илмӣ доир гардид
БОХТАР, 02.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Экология ва мушкилоти мубрами он дар ҷаҳони муосир» ҳамоиш баргузор шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар иброз дошт, ки «экология ва ҳифзи муҳити зист дар ин шабу рӯз ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бузургтарини созмони байналмилалии ҷаҳон- Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид, ки ин мояи ифтихору сарбаландии ҳамаи мо, тоҷикону тоҷикистониён мебошад».
Гуфта шуд, ки имрӯз масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмуъ, беҳдошти сайёраи Замин, ки хонаи ҳамаи мо мебошад, ба масоили хеле актуалӣ табдил ёфтааст, чунки он мустақиман ба тамоми соҳаҳои ҷомеаи муосир таъсир мегузорад. Инсон ҳамчун фарди биологӣ барои манфиати хеш ба тавозуни экологӣ ва гуногунии биологӣ таъсири калон расонидааст, ки оқибатҳои он барои кулли одамони сайёраи Замин хатарнок мебошад. Аз ин рӯ stop diabetes meds сари вақт пеши роҳи ин бархӯрдҳои номатлубро нагирем, фардо дер шуда, барқарор кардани низоми дурусти табиат ғайриимкон мегардад.
Рушди босуръати иқтисодиёт ва технология дар баробари унсурҳои мусбати хеш дорои унсурҳои манфӣ низ мебошад, ки он дар олудашавӣ ва ифлос шудани обу иқлим ва дар ин замина пайдо шудани ҳар гуна бемориҳое, ки барои кулли ҷомеаи башарӣ хатарзо мебошанд, таҷассум меёбад.
Дар ҳамоиш баён гардид, ки имрӯзҳо партовҳои корхонаҳои азими саноатӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани захираҳои замин ва бо истифодаи заҳрхимикатҳо дар парвариши зироати кишоварзӣ, ба бозори истеъмолӣ ворид шудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ ташаккулёфта ва партофтани газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ки боиси заҳролуд шудани Замин, организми зинда ва об шудани пиряхҳо дар тамоми ҷаҳон гашта истодаанд, ба инсоният ва сайёраи Замин таҳдид мекунанд.
Аз ин рӯ пазируфтани ин иқдоми Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид метавонад сабаби коҳиши ин ҳолат ва барои зиндагӣ бехатар гардидани сайёраи Замин гардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






