Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Маркази омӯзишии «Русское пространство» кушода шуд

Апрель 6, 2023 11:37

КӮЛОБ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулллоҳи Рӯдакӣ Маркази омӯзишии забони русии «Русское пространство» кушода шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Тоҷикистон Соли забони русӣ эълон гардидааст. Ин сол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари Иттиҳоди давлатҳои мустақил Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон шуда, дар ин бора қарори дахлдори сарони тамоми мамлакатҳои узви Иттиҳод қабул гардид.

Мақсад аз таъсиси марказ он аст, ки донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ сатҳи забондонии худро беҳтар ва дониши худро афзун кунанд. Роҳбарии маркази мазкурро номзади илмҳои филологӣ, муаллими кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забонҳои англисӣ ва русӣ Азамат Ашуров ба уҳда дорад.

Маркази мазкур бо дастгирии роҳбарияти  донишгоҳ дар якҷоягӣ бо Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Тибқи нақша, чорабиниҳои донишгоҳ ва ҳамчунин ҷиҳати ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Омски Федератсияи Русия дарсҳо бо донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ба муддати як ҳафта аз ҷониби омӯзгорони ботаҷрибаи Донишгоҳи Омск гузаронида мешаванд.

Муддати се рӯз мешавад, ки дар марказ аз ҷониби яке аз омӯзгорони Донишгоҳи Омск, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Марина Терских барои донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ машғулият гузаронида шуда истодааст.

Бояд гуфт, ки дар асоси ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо чунин омӯзишҳо бештар гардида, омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Донишгоҳи Омск ба омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи дониш ва баланд бардоштани савияи забони русиашон дарс мегузаранд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Апрель 6, 2023 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид