Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғон мулоқот баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон роҳбарияти Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ мулоқот кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҳамзамон ҷавонони фаъоли вилояти Суғд ширкат намуданд. Меҳмонон аз маркази забономӯзиву озмоишгоҳи криминалистӣ ва дигар синфхонаҳои барҳавои Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи мазкур боздид намуданд.
Иброз гардид, ки ҷавонон ба таври ҳамешагӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бояд дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо рафтору гуфтор, донишу малака ва фаъолияти назаррас намуна бошанд. Махсусан таъкид шуд, ки ҳифзи хоки поки Ватан, сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи марзу бум аз вазифаҳои ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии онҳо ба ҳисоб меравад.
Тазаккур дода шуд, ки дар қисмҳои низомӣ сафи сарбозону афсарони хатмкардаи донишгоҳ зиёданд, ки ин барои ҳамагон намунаи ибрат мебошад.
Дар интиҳои вохӯрӣ бо назардошти ҳамкории судманди Раёсати донишгоҳ бо Вазорати корҳои дохилӣ Ректори донишгоҳ бо медали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои ҳамкорӣ» қадршиносӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад






