Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байнидоравии танзими равандҳои муҳоҷират баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи байнидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботу пешниҳоди намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои рӯзнома шунида шуд.
Дар ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №4/43-26 аз 30 сентябри соли 2022 гузориш дод.
Ҳамзамон вобаста ба масъалаи дигари рӯзнома гузоришҳои намояндагони кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ шунида шуданд.
Дар охири кори ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирон супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






