Дар Душанбе ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунанда оид ба таҳсилот ва тайёрии техникӣ-касбӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва ҳамраисии хонум Сара Риналди – сардори шуъбаи Шарқи Наздик/Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ, Директорати генералӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Комиссияи Аврупо ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунанда оид ба таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷетии бахши шуғл баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба амалишавии Барномаи нави дастгирии буҷети давлатӣ, ки солҳои 2023 – 2025-ро фаро мегирад, мавриди муҳокима қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки барнома фарогири масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани низоми таҳсилоти касбии техникӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, инчунин рақамикунонӣ дар ин соҳаҳо, масъалаҳои марбут ба идоракунии молияи давлатӣ ва таъмини шаффофият дар соҳаи мазкур мебошад
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳамкорӣ дар ин самтҳо ба рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони нав бахшида, татбиқи чунин барномаҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат инъикос ёфтаанд, равона карда мешавад.
Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати баргузории вохӯриҳои навбатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






