Дар Душанбе ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон бо соҳибкорони Чин баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкории дуҷониба барои ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон дар мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи соҳибкорони ширкати мубодилаи фарҳангии Ҷилини музофоти Футзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Дар мулоқот иброз дошта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармоя барои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ фазои якхела фароҳам оварда, дар ин самт имтиёзу ҳавасмандгардонии зиёд низ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин ба соҳибкорони чинӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар мамлакат, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологиву табобатӣ, аграрӣ ва гастрономӣ маълумот дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷумҳурии мо қарор дошта, 25 апрел дар шаҳри Душанбе Анҷумани соҳибкорони ду давлат баргузор гардид. Ҳамзамон соҳибкорон бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор вохӯриҳо анҷом дода истодаанд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад






