Дар Душанбе бо намояндагони Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо вохӯрӣ доир гардид

Апрель 27, 2023 20:58

ДУШАНБЕ, 27.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар шаҳри Душанбе Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо таҳти роҳбарии хонум Аззопарди Маскат вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.

Ҳадаф аз ташрифи миссияи Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо ба Тоҷикистон- ин дастгирии таҳкими низоми  тандурустӣ, бахусус бо таваҷҷуҳ ба идоракунии қувваи кории соҳаи тандурустӣ, ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ, рушди КАТС, беҳтар намудани тавонбахшии маъюбон, истифодаи технологияҳои ёрирасон ва рақамикунонии соҳа дар мамлакат мебошад.

Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус дода, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳим меандешад.

Ҳамзамон 26 апрел  дар доираи ҳамкории Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри  Душанбе ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зимни амалинамоии лоиҳаи «Равзанаи ягона» дар  назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он барои солҳои 2022 – 2023 меҳмонон аз намоиши дастгоҳҳои ёрирасон барои маъюбон дидан намуданд.

Намоиши дастгоҳҳои ёрирасон дар Муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Рӯдакӣ доир шуда, дар кори он ба  як зумра маъюбони ноҳия воситаҳои тавонбахшии техникии маъюбӣ  тақдим карда шуд.

Мавриди ёдоварист, ки ноҳияи Рӯдакӣ яке аз минтақаҳои таҷрибавии татбиқи лоиҳаи мазкур мебошад.  Мақсад аз ҷудо намудани миқдори муайяни воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба ноҳияи мазкур- ин гузаронидани мониторинги дастрасии маъюбон ва шаҳрвандон ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба шумор меравад.

Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини табақаи маъюби мамлакат бо дастгоҳҳои ёрирасон дар миқёси ҷумҳурӣ мунтазам  корвони хизматрасонии тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасон ва муоинаи беморон гузаронида мешавад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2023 20:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд