Дар Душанбе лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ шуд

Апрель 10, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар Душанбе мулоқоти муовинони Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки зимни он масъалаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ баррасӣ карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мазкур.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҷонибҳо дар мулоқот ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта шуд, ки амалишавии тамоми унсурҳои лоиҳа саривақтӣ буда, дар иҷрои ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва амалишавии дигар барномаҳои соҳавӣ саҳми назаррас мегузорад.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 10, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд