Дар Душанбе масъалаи имзои Ёддошти тафоҳум дар самти истеҳсолоти иҷро байни Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ шуд

Апрель 6, 2023 20:22

ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел мулоқоти дуҷонибаи Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода бо котиби генералии Шӯрои миллии иҷрочиёни суди Ҷумҳурии Молдова хонум Оксана Новиков ва Роҳбари лоиҳаи «Дастгирии давлатдории ҳуқуқбунёд дар Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Александр Тэнассе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти мазкур хабар доданд.

Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи байни ду мақомот, аз ҷумла тақвияти ҷараёни ба имзо расонидани «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии иҷрочиёни суди Ҷумҳурии Молдова дар самти истеҳсолоти иҷро» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар идома вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байниидоравиро дар доираи ин санади ҳамкории муштарак боз ҳам густариш диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 5 апрели соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 3 ноябри соли 2022 ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова гардид, ки тибқи он 5 апрел Рӯзи кормандони мақомоти иҷро муайян карда шуд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2023 20:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид