Дар Душанбе Симпозиуми 10-уми минтақавӣ оид ба масоили табобати сил доир мешавад

Апрель 29, 2023 20:50

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 май дар Душанбе Симпозиуми 10-уми минтақавӣ таҳти унвони «Пешрафти илмӣ: ҳалли мушкилоти бемории сили ба доруҳо устувор дар дасти худи мо аст» оид ба масъалаҳои табобати бемории сил дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Симпозиуми илмию амалии тиббӣ оид ба масъалаҳои табобати бемории сил дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Ташкилоти байналмилалии тиббии башардӯстонаи «Духтурон бидуни марз» баргузор мешавад.

Тавре хабар доданд, қаблан чунин симпозиумҳо дар шаҳрҳои Киев (2020), Тошканд (2011, 2019), Бишкек (2012, 2018), Тбилиси (2016), Ереван (2015), Минск (2017) баргузор шуда буд. Шаҳри Душанбе соли 2013 бори нахуст  мизбони ҳамин гуна симпозиум шуда буд.

Дар ин ҳамоиши илмию амалӣ, чун анъана, коршиносони варзидаи соҳаи ташхис, табобат, пешгирии бемории сил, таъминоти доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои минтақаҳои баёншуда, «Духтурон бидуни марз», Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи глобалӣ, ташкилоти шарик, яъне марказҳои миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва инчунин коршиносони байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.

Ба шаҳри Душанбе намояндагони кишварҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ: Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Украина ва инчунин иштирокчиён аз Афғонистон, Ҳиндустон ва Лубнон меоянд.

Солҳои охир дар соҳаи муолиҷаи бемории сили ба доруҳо устувор пешравии зиёд ба амал омадааст. Мутахассисон дар мубориза бо ин беморӣ доруҳои муосир истеҳсол ва санадҳои реҷаҳои табобати кӯтоҳмуддат таҳия кардаанд. Илова бар ин, протоколҳои нав муолиҷаи беморонро бе истифодаи сӯзандору дар бар гирифтаанд, ки истифодаи амалии реҷаҳои табобатӣ (аз ҷумла, барои беморони дар минтақаҳои аз клиникаҳои тиббии муҷаҳҳаз дур  қарордошта)-ро хеле осон мекунад. Дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти клиникии байналмилалии ТВ PRACTECAL, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2022 истифода кардани реҷаи табобатии кӯтоҳмуддати BPaLM (бедаквилин-претоманид-линезолид-москифлоксатсин)-ро барои татбиқи саросарӣ тавсия додааст. Мақсади асосии симпозиум — аз муҳокима кардани рафти татбиқи ин протокол (реҷаи табобатӣ) ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт иборат мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, иштирокчиёни конфронс масъалаҳои амалияи ҷорӣ намудани реҷаҳои нави табобати кӯтоҳмуддати аз ҷониби СУТ тавсияшуда, барои бемории сили ба доруҳо устуворгашта, ташхис ва табобати бемории сили ба доруҳо устувор дар байни кӯдакон, равиш ва муносибати ба беморон тамаркуз шуда дар табобати бемории сил, консепсия ва ташкили барномаҳои табобати бемории сил дар доираи лоиҳаи «Ба сифр расонидани бемории сил», муоина ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ (маҳбасҳо), таъмини доруворӣ ва дастрасӣ ба ташхиси бемории силро баррасӣ менамоянд.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 29, 2023 20:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад