Дар Душанбе вохӯрии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Олтойи Федератсияи Русия доир мегардад

Апрель 5, 2023 19:31

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар шаҳри Душанбе вохӯрии дуҷониба (B2B) байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Олтойи Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҳайати тиҷоратии вилояти Олтой 6  ширкату корхонаи калону  миёна ва бонуфузро дар бар гирифта, бо мақсади дидан намудан аз имконияти соҳибкориву сармоягузории мамлакат ва пайдо намудани шарикони худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои манбаъ, ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои истеҳсоли  шинаҳо ва камераҳо барои мошинҳои сабукрав ва  боркаш, агрегатҳои маҳлул барои тайёр кардани нуриҳои комплексӣ, ороишот, хизматрасонии логистикӣ,  нӯшокиҳои ташнагишикан (оби гандум, квас, лимонад, оби минералӣ ва нӯшокиҳои бе газ) маҳсулоти экологӣ ва кишоварзӣ истеҳсол менамоянд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2023 19:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст