Дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон осорхона ифтитоҳ гардид

Апрель 14, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 14.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки 18 апрел мебошад, дар назди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон осорхонаи умумидонишгоҳӣ  ифтитоҳ карда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур

Дар ифтитоҳи Осорхонаи факултети ҳуқуқшиносӣ Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва ҳайати устодону кормандони факултет иштирок намуд. Таъкид гардид, ки осорхона бо мақсади муаррифии дастовардҳои факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шуда, дар он намунаи муваффақияти факултет ва ҳайати устодону донишҷӯёни он дар солҳои фаъолият  ҷамъоварӣ шудааст. Дар осорхонаи мазкур, аз ҷумла  асарҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳдорӣ мешаванд.

Ҳамчунин дар осорхона таҷҳизоти муосир барои баргузории дарсҳои маҷозӣ (онлайнӣ), видеоконференсияҳо ва дигар чорабиниҳои илмиву амалӣ насб шудааст, ки имконият медиҳад омӯзгорону донишҷӯёни факултет ба таври маҷозӣ дар озмуну олимпиада, конференсияву семинарҳои байналмилалӣ иштирок намоянд. Ҳамзамон дар оянда дар  осорхона  дарсҳои онлайнӣ ва видеодарсҳо низ сабт ва нигоҳдорӣ карда мешаванд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Апрель 14, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд