Дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А. Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ намоиш ва фурӯши китоб доир шуд

Апрель 6, 2023 14:59

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон, ки 2 апрел оғоз ёфт, дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А. Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» намоиш ва фурӯши китобҳои асарҳои бачагона аз адабиёти тоҷик ва ҷаҳон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбарияти корхонаи мазкур тазаккур дод, ки мақсади асосии баргузор намудани намоиш- ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин восита дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Чунин намоишҳо дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон -Ватани азизи ман», «Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат», ки бо ташаббус ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамасола доир мешаванд, нақши муҳим мебозад.


Ёдовар мешавем, ки фестивали имсола ба ифтихори 145- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айни баргузор гардида истода, дар доираи он озмуни беҳтарин иншо дар мавзӯи «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст», озмуни беҳтарин қироати шеър, достон, қасида, ғазал таҳти унвони «Ҷавҳари ҳастӣ сухан аст», «Хонандаи фаъолтарин»,«Ҳунар беҳтар аз зар бувад», «Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд» ва маҳфилҳои эҷодии адибони бачагона доир мешавад.

Дар ҷамъбасти фестивал ғолибону иштирокдорони фаъол бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2023 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид