Дар Хадамоти иҷро масъалаи татбиқи феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва мушкилоти он баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Татбиқи феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва проблемаҳои он» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ, прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти мазкур хабар доданд.
Гуфта шуд, ки Хадамот вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказии давлатӣ, сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва инкишофи шабакаи ягонаи табодули ҳуҷҷат ва иттилоот байни мақомоти давлатӣ, амалигардонии самараноки консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбир андешида истодааст. Аз ҷумла, дар сохтори Хадамот шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст.
Дар ин замина иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон дар ин давра 7151 шахси воқеӣ ва 203 шахси ҳуқуқӣ ворид карда шуд.
Тазаккур дода шуд, ки бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 9 343 қарздор маҳдудият гузошта шудааст. Амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 1 192 нафар қарздор сарҳадҳои мамлакатро убур карда натавониста, маблағҳои қарзиро ба андозаи зиёда аз 9,4 млн сомонӣ пардохт намуданд.
Ба гуфтаи роҳбарият, ба ин восита иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъмин гардида, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағҳо ситонида мешаванд.
Иштирокчиёни ҳамоиш вобаста ба мавзуи баррасишаванда, мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он сухан гуфта, таклифу пешниҳодҳо намуданд.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






