Дар Хатлон баҳри ҳавасмандии омўзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд

Апрель 6, 2023 13:12

ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рафти сохтмони муассисаҳои таълимӣ, сифати таҳсилот, бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестӣ, бартараф намудани норасоии кадрҳои омўзгорӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии муаллимон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки имрўз дар ҷаласаи ҷамъбастию натиҷагирии соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар се моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Ҷаласаи мазкур дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Кӯшониён доир гардида, чанде аз мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Фархор оид ба дастоварду муваффақият ва камбудию норасоиҳои соҳа ҳисобот доданд.

Гуфта шуд, ки дар вилоят бо дастгирии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва соҳибкорони бонангу номус ба як зумра омўзгорони ниёзманд барои бунёди манзили зист қитъаи замин ҷудо гардид. Ҳамчунин ба онҳо кумаки молӣ расонида шуд, ки барои бартараф гардидани норасоии кадрҳои омўзгорӣ, махсусан дар деҳоти вилоят мусоидат намуд. Дар оянда низ баҳри ҳавасмандии омўзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон то соли 2027 қариб 350 муассисаи таълимӣ бо маблағгузории 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид.

Хотиррасон мешавем, ки тибқи нақша, барномаи мазкур дар ду марҳила- солҳои 2022-2024 ва 2024-2027 амалӣ гардонида шуда, аз се замима иборат аст: сохтани муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд. Марҳилаи дуюм, муассисаҳои таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон рӯ ба афзоиш аст, ба инобат гирифта мешаванд. Тибқи замимаи сеюм таъмиру навсозии муассисаҳои таълимие, ки биноҳои он ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд, яъне биноҳои се-чор ошёна, ки ба таъмиру таҷдид ниёз доранд, навсозӣ мегарданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Апрель 6, 2023 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид