Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент ба кишти шолӣ оғоз намуданд

Апрель 24, 2023 19:43

ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ дар Панҷакент нахустин шуда, ба кишти шолӣ оғоз карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Ба ин муносибат дар Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии ба номи Шамсӣ Назаров бо иштироки роҳбарияти  шаҳр, кишоварзони собиқадор, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шолипарварон ҷамъомад баргузор шуд.

Таъкид гардид,  ки заминҳои соҳили дарёи Зарафшон барои рӯёнидани ҳосили баланди шолӣ мувофиқ буда, ҳар сол домани заминҳои кишти шолӣ дар ин ҷо бо дастгирии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби соҳибкорон ва деҳқонон, вусъати корҳои соҳилбандӣ васеъ карда мешавад ва ин кор ҳоло, ки сатҳи оби дарё паст аст, бояд идома дода шавад.

Зимнан, имсол дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва инфиродии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ дар майдони 400 гектар, дар маҷмуъ дар шаҳр дар 2500 гектар шолии навъҳои «Нукус», «Регар», «Девзира», «Саразм», «Панҷруд» ва ғайра кишт карда мешавад.

Деҳқонон дар парвариши ин зироат таҷрибаи ғанӣ доранд ва соли гузашта ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 64,2-сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Боздеҳи майдонҳои шолиро кишоварзони кордида ба 75-80-сентнерӣ мерасонанд.

Ба кишоварзон дар оғози кишт намунаи тухмии навъҳои серҳосили шолӣ, заҳрдоруҳо барои нест кардани алафҳои бегона ва касалиҳои ин зироат пешниҳод карда шуд.

АКС:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Апрель 24, 2023 19:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт