Дар Хоруғ нахустин корхонаи хурди истеҳсоли пойафзол ба фаъолият оғоз намуд
ХОРУҒ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин корхонаи хурди истеҳсоли пойафзол ба фаъолият оғоз кард, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Қабл аз оғози фаъолият роҳбарияти корхона 42 сокини маҳаллиро ба омӯзиши кӯтоҳмуддат ҷалб карда, давоми се моҳ ба онҳо тарзу усули истифодаи асбобу дастгоҳҳои пойафзолдӯзиро ёд доданд.
Соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Аъзам Ахруллоев, ки корхонаи мазкурро таъсис додааст, изҳор дошт, ки «ҳоло аз ин 42 нафар 8 касро ба кор ҷалб намудем ва баъди пурра ба фаъолият шуруъ кардани корхона теъдоди коргарон низ зиёд мегардад. Асбобу дастгоҳҳо, ки шумораашон аз 40 адад бештар аст, истеҳсоли Чин мебошанд».
Ин соҳибкори муваффақ сабаби таъсиси корхонаро дар шаҳри Хоруғ ба мавҷуд будани шумораи зиёди ҳайвоноти хурду калон дар ин минтақа ва вуҷуд надоштани корхонаи коркарди пӯст рабт дод. Дар айни ҳол маҳсулоти хом аз Туркия оварда мешавад.
Ҳамзамон гуфтушунид бо масъулини фермаҳои чорвопарварӣ ва шахсони инфродӣ, ки ба парвариши чорво машғуланд, идома дорад. Дар назар аст, ки соли оянда дар шаҳри Хоруғ корхонаи хурди коркарди пӯст бунёд ва минбаъд пойафзол аз чарми маҳалӣ омода карда шавад.
Дар корхонаи нави пайафзолдӯзӣ дар як моҳ зиёда аз 3 ҳазор пойафзоли мардона дӯхта ва дар дӯкону бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба фурӯш гузошта мешавад. Ҳамчунин корхона мутобиқ ба завқи муштариён пойафзол омода мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






