Дар Хоруғ ғолибони даври шаҳрии озмуни «Расми беҳтарин дар мавзуи бехатарӣ аз сӯхтор» муайян шуданд
ХОРУҒ, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори қисми мустақили 16-уми Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Хоруғ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами ҳаштуми шаҳри Хоруғ озмуни шаҳрии «Расми беҳтарин дар мавзуи бехатарӣ аз сӯхтор» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 рассоми наврас иштирок намуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Ин озмун чанд сол пеш аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, ҳоло яке аз озмунҳои дӯстдоштании хонандагон дар шаҳру ноҳияҳои Вилоятии Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шумор меравад.
Сардори қисми мустақили 16-уми шаҳри Хоруғ довталабони озмунро бо ҳадаф ва шартҳои озмун шинос намуда, изҳор дошт, ки «мақсади асосии озмун- сари вақт хомӯш намудани сӯхтор ва пешгирӣ аз талафоти ҷонӣ аст. Муассисаҳои таълимӣ низ дар баробари сӯхтор осебпазиранд ва оташнишонон дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон талош меварзанд, ки кӯдакону наврасон ҳарчӣ бештар бо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор шинос карда шаванд».
Мутобиқи шарти озмун, ҳар довталаб бояд расми худро шарҳу тавзеҳ диҳад ва ба суолҳои ҳакамон посух гардонад. Аммо ба хотири он ки аъзои ҳакамон мутмаин шаванд, ки ин расмро на падару модар ё шахсони наздики довталаб кашидааст, аз рассомони наврас хоҳиш карда шуд, ки рӯи қоғаз нусхаи расми худро тасвир намоянд. Танҳо пас аз ин иштирокчиёни озмун бонавбат нусхаи расмашонро ба ҳакамон пешниҳод намуда, онро шарҳу тавзеҳ медоданд.
Аксарияти расмҳое, ки ба озмун пешниҳод шуданд, аз ҷиҳати мазмуну моҳият ба талаботи озмун ҷавобгӯ буданд ва рассомони наврас ҳам расмҳояшонро хеле озодона ва бо шавқу завқ шарҳ доданд. Аз ҳама муҳим ин ки аксарияташон дар бораи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор маълумоти кофӣ доштанд ва бо истифода аз ин маълумот тахайюлоти худро рӯи коғаз тасвир намуда, моҳияти онро ба таври комил тавзеҳ доданд.
Ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуда, барои ҳавасманд намудани онҳо ба корҳои минбаъдаи эҷодӣ бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардониданд. Ғолибони озмуни шаҳрӣ ба озмуни вилоятӣ, ки даҳаи дуюми моҳи апрел баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






