Дар Хуҷанд ба бунёди осоишгоҳи солимгардонӣ, чойхона ва маркази ташхиси тиббӣ санги асос гузошта шуд
СУҒД, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили рости дарёи Сир, кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ маҷмааи хонаи баландошёна бо чойхона, маркази ташхиси тиббӣ ва осоишгоҳ бунёд карда мешавад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Лоиҳакаши иншоот «Бунёдгари Суғдзамин» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Авитсенна» ба анҷом расонида мешавад.
6 апрел роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо лоиҳаи иншоот шинос гардида, ба он санги асос гузоштанд.
Роҳбарияти вилояти Суғд аз ин иқдоми соҳибкори ватанӣ изҳори сипос намуда, ташкили чунин иншооти сайёҳӣ ва хизматрасониро ба манфати мардум ва заминаи муосид барои ташкили ҷойҳои нави корию ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ унвон намуд.
Ба сохтмончиён ҷиҳати анҷом додани корҳои босифати сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд






