Дар Хуҷанд бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ вохӯрӣ баргузор гардид

Апрель 21, 2023 17:46

ДУШАНБЕ, 21.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел дар  Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раиси ноҳияи Мастчоҳ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба таъкидҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон иброз намуд, ки «ҷавонон такягоҳ ва неруи азиму қавӣ ва пешбарандаву пешоҳанги мамлакат мебошанд. Мо ҳамеша бо ҷавонони ватандӯсту ватанпараст ва ободгару созандаи ноҳия ифтихор ва ба неруи бузурги онҳо такя мекунем. Умед дорем, ки ҷавонони ватандӯст пас аз хатми донишгоҳҳо ба ноҳия баргашта, баҳри пешрафту ободии диёри худ содиқона хизмат мекунанд».

Дар вохӯрӣ вазъи соҳаи маориф, мушкилоти ҷойдошта, нарасидани мутахассисон дар ташкилоту муассисаҳо, норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ дар мактабҳои ноҳия таъкид гардид. Инчунин доир ба хатарҳои зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм ва нооромии авзои сиёсии минтақа сухан гуфта шуд. Аз донишҷӯёни фаъол даъват карда шуд, ки пас аз хатми донишгоҳ довталабона барои ҳифзи марзу буми Ватани азиз ба хизмати ҳарбӣ раванд.

Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи Мастчоҳ ба 200 донишҷӯи фаъол, ятим ва камбизоат мукофоти яквақтаинаи пулӣ тақдим карда шуд.

Феълан аз ноҳияи Мастчоҳ дар донишгоҳҳои вилояти Суғд беш аз 1600 донишҷӯ таҳсил намуда истодааст, ки зиёда аз 700 нафари он духтар буда, беш аз 75 нафар тариқи квотаи президентӣ таҳсил дорад.

АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Апрель 21, 2023 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд