Дар Хуҷанд бо мақсади рушди нақлиёти ҷамъиятӣ хариди электробусҳои замонавӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти Суғд татбиқи Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» идома дошта, панҷ марҳиларо дар бар мегирад, ки арзиши он дар маҷмуъ 26 миллиону 840 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ “Ховар” директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» Музаффар Раҳимхӯҷаев иттилоъ дод.
Номбурда таъкид намуд, ки то имрӯз се марҳилаи лоиҳа пурра татбиқ шудааст.
Соли 2018 дар доираи лоиҳаи мазкур ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» 100 автобуси замонавӣ ворид карда шуд.
Соли 2020 ҷорӣ намудани системаи пардохти ғайринақдии роҳкиро ва назорати кори автобусҳо бо арзиши 311 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гардид.
Дар айни замон корҳо дар қисматҳои боқимондаи лоиҳа, ки асосан навсозии бинои маъмурӣ ва маркази таъмири автобусҳои Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд»- ро дар бар мегирад, идома дорад. Иншооти мазкур солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, ҳолати ногувор дошт.

Муҷаҳҳазсозии иншооти мазкур бо таҷҳизоти зарурӣ низ дар доираи ҳамин лоиҳа сурат мегирад.
Ба таъкиди роҳбарияти корхона, дар доираи маблағҳои сарфашуда аз ҳисоби лоиҳа хариди электробусҳои замонавӣ дар назар аст.
Ҳоло 20 автобуси корхона дар 2 хатсайр ба мусофиркашонӣ машғуланд.
Даҳаи дуюми моҳи апрели соли равон дар хатсайрҳои №4 ва №5 низ мусофирбарӣ тариқи автобусҳои корхонаи мазкур ба роҳ монда мешавад.
Мутахассисони корхона ба он боваранд, ки бо таҷдиди хатсайрҳо ва фаъолияти пурраи автобусҳо, инчунин ворид гардидани электробусҳои нав дар шаҳри Хуҷанд расонидани хизмат ба сокинону меҳмонон беҳтар мешавад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд»









ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






