Дар Камбоҷа навъи нави биринҷи хушбӯй муаррифӣ карда шуд

Апрель 6, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзӣ, ҷангал ва моҳипарварии Камбоҷа рӯзи чоршанбе навъи нави биринҷи хушбӯйро бо Номи Champei Sar 70 (CPS 70) муаррифӣ кард, ки дар натиҷаи таҳқиқот ва таҳияи тақрибан даҳсола ба даст омадааст. Тавре АМИТ «Ховар»  бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар варақаи матбуотии идора хабар дода шудааст.

Баровардани навъи биринҷи CPS 70 ба шарофати ҳамкории Институти тадқиқот ва рушди кишоварзии Камбоҷа ва Австралия пас аз 9 соли таҳқиқот ва 80 озмоиши саҳроӣ дар фаслҳои хушк ва тар имконпазир гардид.

Тавре ки дар варақаи матбуотӣ ишора шудааст, CPS 70 дар асоси навъи биринҷи Камбоҷа Пхка Румдуол аз CNi9024, ки дар замони худ ба ҷоизаҳои гуногун сазовор гардида буд, ба даст оварда шудааст. Гуфта мешавад, ки CPS 70- биринҷи хушбӯй буда, дар тӯли се моҳ пухта мерасад.

Ба биринҷи хушбӯй дар саросари ҷаҳон талабот зиёд аст: зиёда аз 60% аз ҳаҷми умумии биринҷи хушсифати содиротии Камбоҷа ба он рост меояд. То соли 2025  Камбоҷа ба нақша гирифтааст, ки 1 миллион тонна биринҷи суфта содирот кунад.

Мувофиқи варақаи матбуотӣ, кишоварзӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисоди кишвар буда, тақрибан чоряки ММД-и Камбоҷаро дар соли 2021 ташкил медиҳад. Зиёда аз сеяки тамоми одамони бо кор таъминшавандаи мамлакат дар хоҷагии қишлоқ кор мекунанд, илова бар ин бештар аз нисфи коркунони кишоварзӣ занон мебошанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 6, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд