Дар Конибодом дар майдони зиёда аз 40 гектар коркарди кимиёвӣ бар зидди малах гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом то 4 апрел дар майдони зиёда аз 40 гектар коркарди кимиёвӣ бар зидди малах гузаронида шуд. Дар ин хусус зимни баргузории Ситоди вилоятӣ оид ба чорабиниҳои мубориза бар зидди малах ва ҳашароти зараррасони зироати кишоварзӣ ва боғу токзор иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ситоди вилоятӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки дар кори он роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони муассисаҳои давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах», «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ», муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардори сарраёсати кишоварзии вилоят ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Ситод дар ду марҳила доир гардид, ки дар қисми амалӣ истифодаи дорупошаки муосир, усулҳои дурусти истифодаи либосҳои махсуси кормандони мавсимӣ, меъёрҳои истифодаи заҳрдоруҳо, гузаронидани мушоҳида ва коркарди мавзеъҳои паҳнгаштаи малах намоиш дода шуд.
Дар ҷараёни кори ҷаласа вобаста ба чораҳои мубориза бар зидди малах, касалӣ ва ҳашароти зараррасони зироати кишоварзӣ ва боғу токзор, кишти саривақтии зироат ва дигар масъалаҳои соҳаи агросаноатӣ сухан гуфта шуд.
Мувофиқи мушоҳидаи мутахассисон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар онҳо малах паҳн гаштааст, нақшаи коркард 35 130 гектарро ташкил медиҳад. Хуруҷи малах дар ҳудуди заминҳои чарогоҳҳои шаҳри Конибодом ба қайд гирифта шудааст.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






