Дар маҳаллаи Боғи ноҳияи Мастчоҳ мактаби нав бунёд мешавад

Апрель 9, 2023 17:08

ДУШАНБЕ, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Боғи Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ мактаби нави дуошёна бунёд мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Таҳкурсии бино ҳанӯз соли 2020 гузошта шудааст. Тибқи лоиҳа, мактаби нав аз 5 синфхона ва ду утоқи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, барои зиёда аз 100 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Бинои мактаб бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба тариқи ҳашар сохта мешавад.

Роҳбарияти ноҳия аз ҷараёни корҳои омодагии сохтмони мактаб дидан карда, бо сокинони маҳалла ва соҳибкорон суҳбат намуданд.

Таъкид карда шуд, ки бинои мактаб бояд дар маҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шавад.

Боғ маҳаллаи навбунёд буда, дар он қариб 2 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Апрель 9, 2023 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид