Дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и Хуҷанд Маркази ташхисию табобатии «Садаф» ба истифода дода мешавад
СУҒД, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисию табобатии «Садаф» бунёд мегардад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Ин иқдом аз ҷониби муассиси ҶДММ «Садаф» Наимҷон Тӯраев гирифта шуда, ояндаи наздик баъди ба истифода додани он дар ин Маркази ташхисию табобатӣ маҷмуи васеи хизматрасонии тиббӣ, аз қабили ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рӯй, гузоштани имплантат, дармонгоҳи кӯдакона, шуъбаи асаб, шуъбаи бемориҳои дил ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Ба марказ мутахассисони баландпояи соҳа ҷалб карда мешаванд. Дар оянда 40 соҳибтахассус дар ин марказ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешавад.
Бинои Марказ аз 4 ошёна ибора буда, корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, корҳои пардозкунӣ оғоз гардидаанд.
6 апрел зимни боздид аз ин мавзеъ роҳбарияти вилоят ва шаҳр ба соҳибкор Наимҷон Тӯраев ҷиҳати иқдоми нек ва дар ояндаи наздик фароҳам овардани шароити мусоиди ташхису табобат барои сокинон изҳори миннатдорӣ намуда, ба соҳибкор баҳри беҳтар намудани шароиту имконияти беҳтари хизматрасонӣ дар ин маркази тиббӣ тавсияҳои муфид доданд.
Бояд гуфт, ки соҳибкорӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба рушди он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аҳамият дода мешавад. Дар ин раванд баҳри беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ якчанд дастгириҳо пешбинӣ гардида, дар Паёми қаблии Пешвои миллат солҳои 2022‐2026 Солҳои рушди саноат эълон гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд






