Дар Маркази мероси хаттӣ нусхаҳои нодири хаттӣ намоиш дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши нусхаҳои нодири хаттии Марказ баргузор шуд, ки аз он ҳаводорони илму фарҳанг, донишмандон аз донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва институту марказҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази мероси хаттӣ хабар доданд.
Дар намоиш иброз гардид, ки нусхаҳои қаламӣ, хусусан Ганҷинаи дастнависҳои Шарқи ба номи Абдуғанӣ Мирзоев, бешубҳа, сарвати бебаҳо ва танҳо нақдинаи ба меросмонда аз ниёгон барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон аст. Ин Ганҷина ҳамчун ҳофизи хотираи таърихии миллати тоҷик ноқили таърих, тамаддун, фарҳанг, бозкунандаи аҳволи сиёсӣ-иҷтимоӣ, розҳои ҷаҳонкушоӣ ва омилҳои эҳёву суқути давлатҳо ва воҳидҳои бузурги таърихӣ ва ҷуғрофӣ аст.
Гуфта шуд, ки 5978 нусхаи хаттӣ ё 14 770 нусхаи қаламӣ ва 6670 ҷилд нусхаи чопи сангии ҷамъоваришуда, ки дар ганҷина нигаҳдорӣ мешавад, маҳсули заҳмат ва ҷустуҷӯи қариб як қарни ходимони илмӣ ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри гузашта мебошад. Аммо он чизе, ки феълан мояи ифтихор аст, бешубҳа маҳсули заҳмати Абдуғанӣ Мирзоев ва ҳамаи ҳамкоронашон дар даҳаҳои панҷоҳ, шаст ва ҳафтоди мелодӣ мебошад.
Аз 14 770 нусхаи хаттӣ то кунун 3277 нусхаи он тавсиф шуда ва феҳристи он дар даҳ ҷилд нашр гаштааст, ки он ҳам маҳсули заҳмати ҳамкорони Институти шарқшиносӣ дар даҳаҳои шаст, ҳафтод ва ҳаштоди мелодӣ мебошад. Ҳоло ҳамаи шароит ва имконият барои ҷамъоварии осори хаттӣ, таҳияи феҳристи дастхатҳо ва нашри осори классикӣ фароҳам оварда шудааст. Маркази мероси хаттӣ мутобиқи ду лоиҳаи супориши давлатӣ барои бори аввал тасвифи осор ба забони тоҷикӣ ва таҳияи феҳрист ба забонҳои русӣ, инглисӣ ва арабиро ба роҳ мондааст.
Дар ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амри ғанӣ намудани Ганҷинаи дастхатҳо даҳҳо нусхаи қаламӣ ба ганҷина ворид шудааст. То соли 2022 48 нусхаи мунҳасир мавҷуд буд, ки ҳамаи он то соли 1980 вориди ганҷина шуда буд. Акнун ҳамкорони марказ ду нусхаи дигари мунҳасир ва ягонаро ё дастхати муаллифро пайдо ва соли 2022 ба 2023 вориди ганҷина намуданд, ки яке аз он «Девон»-и Туғрали Аҳрорӣ аст.
Дар намоиш таъкид гардид, ки бояд толори намоишгоҳи ихтисосӣ ва доимамалкунанди намунаҳои осори хаттӣ ташкил карда шавад, то таваҷҷуҳи бештар ба ин масъала ҷалб гардад ва осори хаттӣ бештар муаррифӣ ва оммавӣ гардонда шавад.
АКС: Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд






