Дар Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб синфхонаи инноватсионӣ омода карда мешавад

Апрель 22, 2023 15:50

КӮЛОБ, 22.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб бо мақсади фароҳам овардани шароит барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ синфхонаи инноватсионии  муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, аз қабили тахтаи электронӣ, компютер, проектор, хати интернет ва толори машварату ҷаласаҳо таъсис дода мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов.

Тибқи иттилои директори Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб Ҳайдар Ҳайдарзода, дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар муассисаи мазкур ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Данғара ва Муъминобод синфхонаҳои инноватсионӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар синфхонаҳои мазкур беҳтарин шароит муҳайё мегардад, ки ин ба таълиму тарбияи насли наврас таъсири мусбат мерасонад.

Ҳайдар Ҳайдарзода афзуд, ки дар марҳилаи дуюми лоиҳаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони синфхонаҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Темурмалик ба нақша гирифта шудааст.

Бо муҳайё шудани синфхонаҳои инноватсионии муҷаҳҳаз бо лавозимоти замонавии таълимӣ аъзои маҳфилҳо дар шароити мусоид таълиму тарбия дода мешаванд. Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб бо шарикони рушд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мувофиқ доранд, ҳамкориро беҳтар хоҳад кард.

Ҳадафи асосӣ- муҳайё гардонидани шароити муосири таълимӣ барои хонандагон мебошад.

АКС: Хадамоти раёсати вилояти Хатлон

Апрель 22, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд