Дар натиҷаи таркиш дар Ҳиндустон даҳ корманди полис ва ронандаи мошин ба ҳалокат расид

Апрель 27, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даҳ корманди полис ва ронандаи мошин дар натиҷаи таркиши дастгоҳи худсохт, ки аз ҷониби наксалитҳо (гурӯҳи шӯришгарон) дар вилояти Чхаттисгарх- қисмати марказии Ҳиндустон ба кор дароварда шуд, ба ҳалокат расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.

Бино ба иттилои полис, нигаҳбонон, ки аъзои гвардияи эҳтиётии минтақа буда, аз амалиёти зидди наксалитҳо бармегаштанд, аз ҷониби онҳо мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

«Мошини  DRG имрӯз аз ҷониби наксалитҳо дар ноҳияи Аранпури Дантевада мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар натиҷа 10 ҷанговари DRG ва як шаҳрванди одӣ ба ҳалокат расид. Неруҳои иловагӣ ба макони ҳодиса омада, ҷасадҳо берун бароварда мешаванд»,-изҳор дошт корманди баландпояи полиси ноҳияи Бастар П. Сундарраҷ.

  Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 27, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад