Дар назди Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маркази боварӣ бо рақами 221009 таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав моддаи 14 ҷой дода шудааст, ки «Хизматрасонии интернет» ном дорад. Он аз 4 банд иборат буда, таъмин намудани хизматрасониҳо, баланд бардоштани суръат ва сифати интернетро танзим менамояд. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва интернетпровайдерҳо ситод таъсис дода, як қатор корҳоро ҷиҳати таъмини интернети баландсуръат анҷом дод. Ворид намудани интернети баландсуръат ба ҷумҳурӣ ба 100 гигабайт расонда шуд, ки зарфияташ дар ин шабонарӯз зиёд аст. Чунин иброз дошт муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 19 апрели соли 2023 баргузор шуд.
Ҳамчунин номбурда иттилоъ дод, ки дар шаҳри Душанбе зиёда аз 42 дастгоҳи базавии типи нав насбу васл ва ба кор супорида шуда, зиёда аз 100 истгоҳи базавӣ аз нав таъмир гардида, ин амал идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти алоқаи мамлакатро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати беҳтар кардани хизматрасонӣ дар самти интернети босуръат ва босифат тадбирҳои муассир андешад.
Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев дар иҷлосияи мазкур тазаккур дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав бо мақсади иҷрои супориши Президенти мамлакат, инчунин мутобиқ намудани муқаррароти он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рақобати озод, рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳо ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ, мусоидат дар таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби хироҷҳои соҳаи алоқаи барқӣ, истифодабарии имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва татбиқи «ҳукумати электронӣ» ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ пешниҳод гардидааст.
«Ширкатҳое, ки ба тақсими ин намуди алоқаи барқӣ машғуланд, бо иҷозатнома таъмин шудаанд. Марказҳои хизматрасонии харидуфурӯши симкортҳои алоқаи мобилӣ зиёд гардида, барои баланд бардоштани суръати интернети мобилӣ якчанд нақша — чорабиниҳои кӯтоҳмуҳлату миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат тартиб дода, дар семоҳаи аввал аз ҷониби ширкатҳо дастгоҳҳои нав ворид шудааст»,-илова кард ў.
Дар иҷлосия вакили Маҷлиси намояндагон Абдуҳалим Ғаффорзода ба Илҳом Атоев чунин савол дод: «Мо ҳукумати электронӣ мегӯем, аммо банкоматҳо дар ҷумҳурии мо ба талабот ҷавобгӯ буда наметавонад. Рӯ ба офтоб насб шуда, кор кардан дар онҳо душвор аст. Сабаб дар чист? Дувум, ҳангоми занг задан ба марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ вақти зиёд сарф мешавад, аммо бо оператор суҳбат накарда, алоқа қатъ мешавад. Чаро?».
«Мо кӯшиш мекунем бо Бонки миллӣ ва дигар мақомоти марбута дар масъалаи банкоматҳо ҳамкорӣ намуда, мушкилотро бартараф намоем. Масъалаи робита бо марказҳои хизматрасонӣ бисёр муҳим аст ва мо иловатан дар назди Хадамоти алоқа маркази боварӣ бо рақами 221009 таъсис додем. Ин масъаларо боз баррасӣ хоҳем кард»,- посух дод муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хотиррасон мешавем, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: манбаъҳои боз/АМИТ «Ховар»








Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд






