Дар нишасти 19-уми вазирони фарҳанги давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ протокол ба имзо расид

Апрель 4, 2023 10:17

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрели соли равон таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон нишасти 19-уми маҷозии вазирони фарҳанги Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.  Дар нишасти мазкур  бо мақсади тақвияти ҳамкории минбаъдаи соҳаи фарҳангу санъат аз ҷониби вазирони фарҳанги давлатҳои аъзо Протоколи 19-уми ин Созмон ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар нишаст вазирони фарҳанги  Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Чин, Русия ва Покистон суханронӣ намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки бо шарофати таваҷҷуҳ ва дастгириҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг  рушд ёфта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Нишасти мазкур  барои давлатҳои аъзо ва ҳам барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як рӯйдоди муҳим маҳсуб ёфта, барои рушди минбаъдаи ҳамкории фарҳангии байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай заминаи мусоидро фароҳам меорад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2023 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад