Дар ноҳияи Айнӣ давоми панҷ сол қариб 600 иншооти гуногун бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 30.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми 5 сол сохта, ба истифода додани 595 иншоот ба маблағи умумии 178 миллиону 655 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 853 ҷойи нави кор дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, соли 2022 сохта ба истифода додани 119 иншоот пешбинӣ гардида буд, ки амалан 133 иншоот ва дар семоҳаи аввали соли равон 22 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти вилояти Суғд бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкорӣ ва иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дод. Роҳбарияти вилоят бо сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ ва фарҳанг шинос гардид.
Дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан роҳбари вилоят сохтмони бинои нави Беморхонаи минтақавии № 2-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ин беморхона солҳои 50-уми қарни гузашта сохта шуда, ба 7деҳаи ҳудуди ҷамоат хизмат мерасонад. Бо назардошти кӯҳна гардидан ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштан сохтмони бинои нави беморхона бо 40 кат идома дорад.
Бинои нав аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Тоҷик-Элит-Сохтмон»-и шаҳри Душанбе ба уҳда гирифта, дар айни замон қариб ҳафтоду панҷ фисади корҳо иҷро шудааст.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ навсозии бинои хонаи фарҳанги деҳаи Урметан низ шуруъ гардидааст. Толори асосии иншооти фарҳангӣ дорои 300 ҷои нишаст мебошад. Хонаи фарҳанг бо зиёда аз 3 миллион сомонӣ навсозӣ гардида, ҳоло ҳаштод дарсади корҳо ба анҷом расонида шудааст.
Ҳамзамон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Урметан бо маблағузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёди толори варзишӣ ҷараён дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






